махсус — [مخصوص] а 1. хос, (ба касе ё чизе); ихтисосдода, мансуб ба як кас ё як чиз: вагони махсус, дафтари махсус, курси махсуси такмили ихтисос, либоси махсус, хонаи махсус 2. ғайриодӣ, фарқкунанда: аломати махсус, гӯштини махсус, даъвати махсус, оҳанги … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
алоҳида — [عليحده] а. ҷудогона; махсус, ба таври ҷудо ва хос; алоҳида алоҳида ҷудо ҷудо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гармония — [گرمانيه] ю 1. бо ҳам (хеле) дар мувофиқат будани қисмҳои як чизи бутун, мутаносибии ҷузъ ва кулл, ҳамоҳангӣ, мавзунӣ 2. мус. як соҳаи назарияи мусиқӣ, ки таълимоти дуруст ҷӯр кардани овозҳоро дар оҳангсозӣ дар бар мегирад 3. мус. номи аккордҳои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дигар — [ديگر // دگر] 1. соир, ғайр, дуюмӣ: даромади дигар, мавзӯи дигар, хонаи дигар, чораи дигар: хушбахтии дигар хушбахтии нав; рӯзи дигар рӯзи дуюм; рӯзи оянда 2. бегона, ғайр; бачаҳои дигар соири бачаҳо; бачагони боқимонда; мулки дигар мулки бегона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дигаргуна — [ديگرگونه] 1. ба таври дигар, ба тариқи ҷудогона 2. тағйир; тағйирёфта; дигаргуна кардан тағйир додан; дигаргуна шудан аз ҳоле ба ҳоле гардидан, тағйир ёфтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
инфиродӣ — [انفرادي] мансуб ба инфирод (фард, шахси танҳо); хоҷагии инфиродӣ хоҷагии фарди ҷудогона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
коғазпеч — [کاغذ پيچ] 1. чизи ба коғаз печонидашуда 2. гуфт., маҷ. махсус, ҷудогона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
микроиқлим — [ميکرالقليم] хусусиятҳои обу ҳавои ба худ хоси маҳалҳои ҷудогона (дашт, ҷангал, ботлоқзор ва ғ.) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мисол — [مثال] а 1. ҳодисаи ҷудогона ё чизе, ки барои эзоҳ ё исботи фикре шаҳодат дода метавонад ё чун намуна оварда мешавад, қиёс 2. кор ё рафторе, ки барои тақлид ва такрор намуна шуда метавонад: мисоли ибрат 3. монанд, шабеҳ, назир, мисл 4. кит.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мусаммат — [مسمط] а. кит 1. ба ришта кашидашуда (оид ба марворид ва ғ.) 2. адш. шеъри ишқию фалсафӣ, ки аз бандҳои ҷудогона иборат буда, мисраъҳои ҳар банд ба ғайр аз мисраи охирӣ ҳамқофия мебошанд ва мисраи охири бандҳо қофияи ягона доранд; бандҳо аз се то … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ